
АНДЕША. Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат, тавсифномаи сохтори ҷамъиятӣ, тарозуи амали қонунҳо ва асоси адлу инсоф дар ҷомеа мебошад. Дар ҳақиқат Конститутсия асоси хушбахтӣ ва бахтномаи миллати мост.
Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимоми давлатдории худро мустаҳкам ба даст гирифтаем ва қодирем барои ояндаи ободу осудаамон талош варзем.Ин ҳуқуқи конститутсионии мост, ки баробарҳуқуқӣ ва озодиҳои моро дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин месозад. Аз дигар нишонаҳои қудрати Конститутсияи мо ин аст, ки мо тавонистем мустақилона роҳи худро интихоб намоем ва нагузорем, ки ҳеҷ кас аз берун ақида ва роҳу равиши хосеро сари мо таҳмил кунад. Зимнан,ин ҳуқуқи конститутсионии миллати тоҷик аз тарафи Пешвои миллат пайваста ҳимоя гардида, мавсуф дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” навиштааст: ”Мо намехоҳем, ки роҳи пешгирифта , идеология ва сиёсати ягон давлати хориҷӣ ба дӯши халқи мо ва давлати мо зӯран бор карда шавад”.
Меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон аз ин сабаб бо бартариятҳои хоси худ ҳамчун беҳтарин Конститутсия дар ҷаҳон шинохта шудааст,ки он худ баёнгари иродаи мустаҳкам ва ғаризаи тамаддунофарии миллати тоҷик аст. Ин вижагиҳои азалии миллати тоҷикро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбаре, ки тамоми ҳастиашро барои халқаш бахшидааст,баръало эҳсос намуда, андешаи худро дар ин маврид чунин баён намудааст: “Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд”
Баёни ин воқеият ирода ва руҳу тавони миллати тоҷик махсусан ҷавононро дар роҳи ватандориву ватансозӣ,ки бар пояи риояи меъёрҳои конститутсионӣ асос ёфтаанд, дучанд месозад. Зеро мо ба хубӣ дарк мекунем, ки Конститутсия болотар аз як санади муқаррарии меъёриву ҳуқуқӣ буда, ҳамчун шаҳодатномаи давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон бо тақдирсоз будани худ дар миёни мардум ба сифати Бахтнома маъруф гаштааст.
Хар шахсе, ки худро соҳибватан медонад, мафҳумҳои озодӣ, Истиқлолият ва Конститутсия барои ӯ муқаддас аст. Бояд ҳар як шахси ватандӯст бо дарки ҳамин нукта, ки Конститутсияи кишвари азизи мо миллатро сарҷамъ намуд, ба қадри ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз бирасад, онро гиромӣ дорад ва барои таҳкими қонуният, маърифати ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шахрвандӣ ҳиссагузор бошад.
Бахтнома ормони тоҷиконро зинда кард,
Бахту тахти тоҷиконро аз дигар поянда кард.
Поянда бод, Бахтномаи миллати тоҷик -Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Шаҳло Шомудинова, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант