БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ МУҲИМУ ТАҚДИРСОЗ

АНДЕША. Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арафаи яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ, 28-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта истодаем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб Шумо ҳамдиёрони азизро ба муносибати 26 солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарорасии 28-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Мо тӯли беш аз ҳазор сол дар ҳолати бедавлатӣ қарор доштем, инчунин як қисмати таърихи начандон дури мо дар доираи низоми давлатдории умумишӯравӣ ҷараён гирифта буд.

Соли 1991 дар таърихи давлатдории миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нав эҳё гардида, Тоҷикистон давлати мустақил эълон гардид ва дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосир пеш гузошта шуд.

Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард.

Мутаассифона, аз нахустин қадамҳои Истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳон бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд ва бо ҳамин сабабҳо таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия ба таъхир гузошта шуд.

Хушбахтона, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид ва ин иҷлосияи тақдирсоз масъалаи мусолиҳатомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргирро ҳал намуда, таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид.

Ҳамин тариқ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва он дастовардҳое, ки дар бисту шаш  соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардид, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хираду заковати азими миллати тоҷик мебошад.

Ин санад дар дигаргунсозии муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дошта, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудудии давлат, асосҳои таъсиси  мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян намуд.

Аз ин ҷиҳат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи конститутсияҳои замони шӯравӣ тафовути куллӣ дошта, ҳамзамон ба конститутсияҳои имрӯзаи давлатҳои демократӣ ва муқаррароти санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқҳои инсон шабоҳат дорад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи қонунҳои  асосии кишварҳои пешрафта қарор медиҳад.

Ҷавҳари асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон вобаста ба иқтидори иқтисодӣ ва молиявии кишвар шароити мусоид фароҳам оварад. 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи  сарнавишти  миллат мебошад.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Конститутсия, асоси бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи  шаҳрвандӣ гузошта шуд ва он ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф гардид.

Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад.

Мо барои насли имрӯза ва наврасону ҷавонон дар бобати риояи қонуният бояд ҳамеша намунаи ибрат бошем ва ба он муваффақ шавем, ки бо қонун зистан ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад. Насли мо бояд афзалияти омӯзиш ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, илму техника ва технологияи пешрафтаи  ҷаҳони муосирро ба хубӣ эҳсос намоянд.

Ҳар яки моро зарур аст, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намоем, ҳуқуқҳои худро  донем ва нагузорем, ки касе онҳоро сарфи назар намояд, чунки донистани қонун ва зистан дар доираи қонун, дар ҷамъият,  ниҳоят муҳим мебошад.

Ҳар як шахс, дар ҷомеа, ҳуқуқҳои баробари зиндагии арзандаро дорад. Барои сазовор гардидан ба зиндагии арзанда бояд  ҳамаи мо ба муқобили зуҳуроти номатлуби дар ҷомеа ҷойдошта ба мисли терроризм, эктремизм,  ришвахӯрӣ ва ришвадиҳӣ, ҷинояткорӣ, фиребгарию қаллобӣ, нашъамандӣ, хешутаборчигӣ бо истифода аз мансаби давлатӣ ва хурофотгароиҳои динӣ муборизаи беамон барем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеа сулҳу субот, рушди устувор, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба таври воқеӣ кафолат дода, моҳият ва нақши давлатдории  нави тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда тавонист.

Аз ин лиҳоз, ҳар сол 6-уми ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил менамоем ва ифтихор аз он дорем, ки халқи мо, миллати соҳибтамаддуни мо соҳиби Бахтномаи хеш гардида,  зиндагӣ ва рӯзгори худро зина ба зина беҳтар, осуда ва обод мегардонад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи моро ба сӯи ояндаи неку дурахшон ва босаодати миллатамон равшан месозад.

Аз ин рӯ, вазифаи мақомотҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори умум ва ҳамаи  аъзои солимфикрии шаҳр аз он иборат аст, ки дар густариши маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, хулоса таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз карда, комёбиҳои худро дар бунёди ҷомеаи демократӣ минбаъд таҳким бахшида,  роҳи худро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин идома дода метавонем.

Давлатзода Зарина Дилмурод, раиси шаҳри Левакант 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg