Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади истиқболи сазовори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав аъзои маҳфили ихтиёриёни назди Кумитаи иҷроия ба аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҳамчунин бо ҷавонону наврасони деҳаи Муъминобод суҳбату мулоқотҳо баргузор намуда, ҳамчунин бо максади ободу зебо гардонидани маҳалли зист ба ҳашарҳои оммавӣ баромада, ҷӯю обравҳо, пулҳо ва роҳу роҳравҳои деҳаро тозаву озода карданд.