БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ҲХДТ БА СӮИ ОЯНДАИ НЕКУ ДУРАХШОН!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  бо мақсади ҷалби фаъолон аз ҳисоби соҳибкорон, хоҷагидорон ба сафи ҳизб бо кормандони ташкилоти ибттидоии “АИО Сомониён”  ва соҳибкорони деҳаи Даштигулои Ҷамоати деҳоти Даштигуло вохӯрӣ  гузарониданд.

Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилоотӣ Кумитаи иҷроия Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.

Сипас,  иштирокдорон ин гуфтаҳои намояндаи ҳизбро ҳамаҷониба  дастгирӣ карда, 8 нафари  соҳибкорони деҳаи Даштигуло барои ба сафи ҲХДТ аъзо шудан аризаҳои хешро  пешниҳод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg