БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМАИ ТАБРИКӢ БА ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам Вазири корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро мо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизбиён  ва сокинони ноҳияи Ховалинг  Шуморо барои аз нав ба  мансаби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан самимона табрик намуда, бароятон пеш аз ҳама тани сиҳату хонаи обод ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти  ба зиммадоштаатон комёбиҳои беназир орзумандем.

Саҳми Шумо Вазири муҳтарам дар баробари вазифаи пурмасъулияти  хизматиатон дар корҳои ободонию созандагие, ки дар ноҳияи Ховалинг ҷараён дорад, ниҳоят калон аст. Дар давоми ду соле, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Шумо  барои дар муҳлати муайян сохта ба истифода додани воҳидҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30 -  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг таъин гардидед,  бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳ бештар аз  250   воҳидҳои ҷашнӣ, аз ҷумла  бинои хеле хуштарҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ,  боғи фарҳангӣ,  биноҳои таълимгоҳҳо, табобатгоҳҳо, меҳмонхона, варзишгоҳҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, биноҳои истиқоматӣ ва дигарҳо сохта ба истифода дода шуданд.

Мо сокинони ноҳия хизматҳои Шуморо дар ҳифзи моликияти давлатӣ ва шахсӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, иҷрои талаботҳои қонунҳои ҷорӣ, ҳамчунин  рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия  қадр менамоем ва изҳори  боварӣ мекунем, ки таҳти роҳбарии Шумо,  Вазири муҳтарам, мо сокинони ноҳия ҷашни бошукӯҳи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пурра сохта ба истифода додани бештар аз 350 адад иншоотҳои ба нақшагрифташудаи ҷашнӣ  сазовору арзанда пешвоз мегирем.

Халилзода Сафар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг                                         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg