Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” кулли ҷавонони кишварро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.
Дар воқеъ, ҷавонони имрӯза, ки насли зодаи истиқлолият мебошанд, бо саҳми арзандаи худ дар рушду инкишофи ҳамаи самту соҳаҳои ҳаёти кишвар худро ҳамчун пайравони воқеии Пешвои миллат ва созандагони боэътимоди имрӯзу ояндаи Ватан муаррифӣ намуданд.
Дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: «Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд».
Ин суханони самимӣ воқеан ҳам як такони ҷиддие барои бедор сохтани ҳисси созандагӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон дар роҳи ватандорӣ буда, ишораест ба пуштибонии доимии Роҳбарияти Олии кишвар аз қишри ҷавони ҷомеа.
Мо ҷавонон – Созандагони Ватан низ дар навбати худ ифтихор аз он дорем, ки дар роҳи созандагӣ ва тамаддунофарӣ пайраву дастёри Пешвои миллат ҳастем ва тамоми талошу кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳем, то ба ин бовариву эътимоди бузург сазовор бошем.
Амалан низ муҳимтарин вазифаи мо ҷавонони бонангу номуси Ватан ин пеш аз ҳама созандагист. Созандагӣ ба тамоми маъно! Аз ин рӯ ба кулли ҷавонони бошарафи Тоҷикистон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ барору комёбӣ таманно дорем
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба ҷавонони саодатманди Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол муборак бод!