ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештарри манфиатҳои миллӣ. Дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки ноҳия гардиш доир намуданд.
Дар ин рӯз аз тарафи масъулин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои безараргардонӣ тақсим карда шуданд. Инчунин, бо сардорони оилаҳо оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигиашон суҳбат намуда, ба онҳо дастур доданд, ки дар шароити пешомада кишти такрориро хуб ба роҳ монанд ва ҳосили дилхоҳ ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории хонаводаашон саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон ба ду оилаи табибони оилавии Ҷамоати шаҳраки Фархор кумаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.