![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20201028_094447.jpg?itok=ZxpkWtTN)
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади роҳандозии корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳоти Нурмат Сафарови ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба оилаҳо варақаҳои тарғиботӣ ва ниқобҳои тиббӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID -19 тақсим карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаҳои мазкур диққати ҷиддӣ диҳанд ва тавсияҳои духтуронро риоя намоянд, бе зарурат аз ташриф ба ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд.