БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҲАР ЯКИ МО АЗ МУҲИТИ ЗИСТИ МО ВОБАСТА АСТ!

ТЕМУРМАЛИК.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, пешгирии хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID- 19 ва захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қиблаӣ” вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ, раиси Кумитаи иҷроия Раҷабзода Маҳмадсаид вобаста ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус, захираи маводи хӯрока барои фасли зимистон бо истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ  андешаронӣ кард.

Дар рафти иттилоърасонӣ ба иштирокчиён Муроҷиатномаи ҲХДТ ва варақаи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg