БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАВОДИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бойторӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант хониши сиёсӣ доир гардид. Масъулин вобаста ба мавзӯъҳои мубрами рӯз, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва саҳми босазо гузоштани ҳар аъзои ҳизб дар рушду ободонии мамлакат сухан гуфтанд.

Гуфта шуд, ки баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дорад. Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин ҷиҳати таъмини ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, усулҳои пешгирии бемории коронавирус, таъмини бехатарии маводи озуқа, пешгирии воридшавии маҳсулоти гӯштию ширии пастсифат ва зарарнок аз вазифаҳои асосии кормандони идораи бойторӣ ба шумор меравад, ки бояд мунсифона иҷро шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg