БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО БО ОБОДОНӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАВ ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи амалишавии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  "Якҷоя ҳал мекунем!" ва "Якҷоя месозем!"  бо иқдоми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маркази шаҳрак  саҳми муносиби худро дар корҳои ободонӣ гузошта истодаанд.

Зимни суҳбат масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб иброз доштанд, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg