БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - САРЧАШМАИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН

АНДЕША. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш зикр карда буданд, ки фақат қабули Конститутсия метавонад барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам орад.

Бинобар ин сабаб 6 ноябри соли 1994 сокинони мамлакат дар фазои озод дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок карда, аксари мутлақи онҳо (беш аз 87 фоиз) ба ҷонибдории Конститутсия раъйи худро изҳор доштанд.

Сарқонун ё Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар соли 1994, дар айни ҷӯши ҷанги шаҳрвандӣ қабул шудааст, Тоҷикистонро як кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ номид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан, санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.

Аз лиҳози коршиносон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони мо дар қатори 5 Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон шинохта шудааст, ки ин имкон дод, конститутсияи моро на танҳо дар худи кишварамон, балки берун аз он эътироф кунанд. Акнун мо дар қатори давлатҳои мутамаддуни дунё шинохта шудем.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябр дар саросари кишвар рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бо шарофати ин санади муҳими тақдирсоз ва саъю талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кишвари азизамонро дар тамоми дунё ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мешиносанд.

Ман чу фарди бениёз аз қуллаи асри навин,

Дар ҷаҳон аз бахти бедорам хитоба мекунам.

Ҳар чӣ дорам, ман, аз ин қонун ба даст овардаам,

Ман ба ин қонун талошу инқилоба мекунам.

Хушбахт миллатем, ки маҳз бо тадбирҳои пайгиронаи 26 солаи ин санади муқаддаси тақдирсоз, ки асосҳои ҳуқуқии рушду такомули фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи шаклҳои гуногуни моликиятро фароҳам овардааст, дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Ва мо муваззаф бар онем, ки ин озодӣ, ин сулҳу ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашми худ нигоҳ дорем.

Ва дар охири суханам бо арзи эҳтиром ва самимияти бепоён тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯям.

Ба муносибати ин ҷашни фархунда ба мардуми азизамон саломатии бардавом, саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуда, дар фатҳи қуллаҳои навин, дастоварду пирӯзиҳои Ватани маҳбубамон комёбиҳои нав ба навро орзумандам.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg