
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештарри манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гимназияи №1”-и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот бо омӯзгорони ташкилоти ибтидоии номбурда масъулин оид ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватан-Модар суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, ба иштирокдорони хониши сиёсӣ гуфта шуд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябр дар саросари кишвар рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бо шарофати ин санади муҳими тақдирсоз ва саъю талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кишвари азизамонро дар тамоми дунё ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мешиносанд.
Баъдан масъулини ҳизбӣ ҳозиринро ба муносибати 26-мин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.