ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи №1-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ҳамрозода Комил бо кормандони масъули ташкилоти мазкур вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро мавриди баррасӣ қарор гирифт.