
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ барои пешгирии бемории сироятии СOVID-19 ва маълумоти бештар пайджо намудан аз фаъолияти муғризонаи гурӯҳҳои ифротӣ намояндагони ҳизбӣ дар Литсей касбӣ- техникии ба номи Рустами Холалӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Намояндагони ҳизбӣ зимнан дар бораи хуруҷи дуюми бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват ба амал оварданд, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, саломатии худ ва дигаронро ҳифз намоянд.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат масъулин дар бораи хатарҳои терроризм ва экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мақсади ягонаи онҳо ноором сохтани фазои орому осудаи сокинон ва ба даст овардани давлати Тоҷикистон мебошад. Аз ин хотир ҳар як шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонони худогоҳу ватандӯстро мебояд, ки бар зидди ин падидаҳои номатлуб муборизаи беамон бурда, ҳар порча хоки муқаддаси ин сарзамини аҷдодиамонро ҳифз намоянд.