БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС БОЭҲТИЁТ БОШЕД!

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло дар маҳаллаи Ғайрат нахустин ҷаласаи Комиссияи муштараки таблиғотӣ оид ба пешгирии беморҳои сироятӣ ва хусусан бемории навъи коронавирус дар маҳаллаҳои шаҳри Бохтар доир гардид. Иброҳимзода Неъматулло доир ба баргузории чорабиниҳои дар пешистода оид ба пешгирии аз паҳншавии бемории коронавирус ибрози назар карда, гуфт, ки имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки сокинони мамлакат доир ба роияи қоидаҳои беҳдоштӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ ва дигар тавсияҳои табибон бепарвоӣ намуда истодаанд.Моро лозим аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни омма ҷоннок намуда, ба сокинон фаҳмонем, ки пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риояи тавсияҳои табибон ба фоидаи худи онҳо мебошад.

Сипас, аъзои комиссияи тарғиботӣ ба зергурӯҳҳо муттаҳид шуда, дар кӯчаҳои маҳаллаҳои “Ғайрат”, “Бохтариён” ва “Маданят” бо усули “хона ба хона”  бо сокинон вохӯиҳо доир карданд.

Лозим ба ёдоварист, ки комиссияи мазкур бо дастуру супоришҳои раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин таъсис ёфта, ба он намояндагони Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, Мақомомти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, КАТС, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, намояндагони бахши коммуналии шаҳр, бахши занону ҷавонон ва дигар шахсони масъул шомил мебошанд. Дар назар аст, ки чунин вохӯриҳо дар ҳудуди шаҳр ташкил ва гузаронида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg