БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ –ШОҲСУТУН, БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ТАҚДИРСОЗИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. 6 ноябри соли 2020 аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат 26 сол пур мешавад. Истиқлолияти бадастомада зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад ҳам, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бунёди давлате, ки орзую омоли тоҷикон буд, оғоз бахшид. Асосҳои сохти конститутсионӣ принсипҳо ё усулҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки фаъолияти ҷомеа ва давлат дар асоси онҳо ба роҳ монда мешавад. Усулҳои демократизм, ҷумҳурият, волоияти қонун, иқтисоди бозорӣ, давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, гуногунадешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ба ҷумлаи ин принсипҳо дохил мешаванд. Хусусиятҳои муҳимтарини Тоҷикистон ҳамчун давлат дар моддаи 1-уми Конститутсия зикр шудаанд: соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ. Соҳибихтиёрӣ маънои хеле васеъ дорад, яъне он ҳам ба халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият тааллуқ дорад. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ-роҳу усулҳои пешрафтро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонуният, дар сиёсати хориҷӣ роҳу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд. Ҳамин тавр, дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо тӯли 26 соли Истиқлолияти давлатӣ ба рушду пешрафти беназир ноил шуд. Бинобар ин, бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсоз боз ҳам бештар хоҳад гашт.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, бар замми мушкилоту монеаҳои зиёд бо шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия, мо тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки 22 майи соли 2016 бо мақсади ба пешрафти замон мутобиқ гардонидани ин санади сарнавиштсози халқу миллат тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳои нав ворид карда шуданд. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин тағйиру иловаҳоро самтҳое ташкил медиҳанд, ки бевосита ба ҷавонон рабт доранд.

Ҳамин тавр, қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди давлати ҳуқуқбунёдамон ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи кишвари азизамон ва муаррифии давлатамон дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол рӯзгори халқи кишварамон баракат ёфта, хушу осудатар гардида, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувору мустаҳкамтар мегарданд.

Ситамова Роҳила, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Восеъ 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg