БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ - РАМЗИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

АНДЕША. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24 - ноябр дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тасдик гардида буд . Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни  умумимиллӣ аввалин  маротиба  рӯзи 24 ноябри соли  2009  бо ифтихор  аз давлату давлатдорӣ  ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне  баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  илова  ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бошукӯҳ  Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  24 ноябр  ҷашн гирифта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни табрикоти телевизиониашон  24 ноябри соли 2009  ба муносибати Рӯзи Парчами  давлатӣ  қайд  карда буданд , ки:  «Парчами  имрӯзаи  давлатӣ яке  аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ  давлатдории   муосири мо,  таҷассумгари асосҳои  таърихӣ  ва  рамзҳои давлатдории тоҷикон,  инчунин  ифодакунандаи  мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми  мардуми Тоҷикистон мебошад» Рангҳои Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  инҳоянд ; Сурх, Сафед  ва Сабз мебошад .

Ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни  миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи  марзу бум мебошад.

Ранги сафед- рамзи сафедӣ, покӣ,  фаровонии  барфу кӯҳҳои  баланди  кишвар  ва боигарии асосии  мамлакат- пахта аст.

Ранги сабз - рамзи воҳидҳои сабзпӯш, сарзамини  кишоварзӣ, ҳамчунин  шукуфоии  кишвар аст .

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам , Нишон  ва Суруди Миллӣ  аз ҷониби Маҷлисӣ  Олӣ тасдиқ карда шудааст.

Парчам давлатӣ – ин рамзи ҳокимияти давлатӣ буда, мустақилият  ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии  Тоҷикистонро ҳамчун давлат ифода  мекунад.

Нишон - ҳамчун аломати расмии фарқкунандаи  рамзи давлатӣ буда, он  дар бланкаҳои расмӣ, маблағҳои пули давлатӣ  таҷассум гардидааст . Парчам яке рамзҳои муқаддаси давлатдории тоҷикон ба ҳисоб  меравад, барои шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол  боиси ифтихор мебошад.

Сурди Миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад. Эҳтироми боло ва донистани Суруди Милли Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ин қонун тасдиқ гардидааст аз 7 сентябри соли 1994 ҷорӣ карда шудааст.Таҳрири нави  матну  оҳанги Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикисон бо шеъри Гулназар Келдӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков тасдиқ карда шудааст.

Мо бояд рамзҳои давлатии худро дӯст дорем. Рамзҳои давлатӣ дар ҳар давру замон рамзи нангу номуси ватандорӣ, хештаншиносӣ ва яке аз арзишҳои муқаддаси миллӣ ба ҳисоб рафта, эҳтирому арҷгузорӣ намудан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарзанди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.

Маҳмудов Рустам, аъзои маҳфили “Волонтёрони  ҳизбӣ” дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg