БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАСТОВАРДИ НОДИР, САРВАТИ БЕБАҲО ВА ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун миёни донишҷӯёни Литсейи касбӣ-техникӣ бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ғафорова Насимахон бо ҷованон вохӯрии судманд таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ- дастоварди нодир, сарвати бебаҳо ва таърихии миллати тоҷик аст» доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Ғафорова Насимахон ба сухан баромада,  дар рафти суханрониаш иброз намуд, ки имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳамаи мақомотҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, хусусан ТҶҶ «Созандагони Ватан» мебошад.

Мо, мардуми Тоҷикистон имкониятҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ва заминаҳои мусоиди иҷтимоии бунёд ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ, сиёсӣ ва диниро дорем, ки истифодаи дурусту бамавқеи онҳо барои ҳама шарт ва зарур аст. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бузургиву устуворӣ ва қудрату ғановати ваҳдати миллии мо аз сатҳи худшиносии миллӣ, омӯзиш ва корбасти арзишҳои неки миллӣ, ҷанбаҳои созандаи маданияти моддӣ ва маънавии миллат вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои умумимилливу умумидавлатиро аз дигар манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳиву ҳизбӣ афзалтар шуморем. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидем.

Дар охири чорабинӣ бошад, аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тавсияҳо барои пешгирӣ аз коронавирус COVID-19  дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg