
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи репродуктивӣ"-и минтақаи Кӯлоб вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки корманди масъули ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ин маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот Саидов Умар ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи репродуктивӣ" иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ Саидов Умар ба сухан баромада, таъкид намуд, ки Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон изҳор доштанд, ки : “Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем. Ҳарчанд, ки натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад”. Аз ин рӯ мебояд ҳар як табиб бо дили поку меҳнати содиқона ба Ватан хизмат намояд.