БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ АЗ ТАБОБАТИ ОН ОСОНТАР АСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории Ковид  - 19 бо усули “хона ба хона”  дар кӯча ва маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Ховалинг  бо сокинон вохӯрию суҳбатҳо  ороста, онҳоро барои риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиҳати сироят наёфтан ба ин бемории хеле хавфнок  ҳидоят ва роҳнамоӣ карданд.

Дар баробари суҳбату вохӯрӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба бошандагони манзилҳо варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд, ки дар онҳо роҳҳои пешгирии ин беморӣ бо аксҳо ба таври возеҳ нишон дода шудааст.

Дар паҳн намудани варақаҳои таблиғотӣ  аз қувваи волонтёрон низ самаранок истифода бурда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg