БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

АНДЕША. Ҳамасола, 6  ноябрро мардуми кишварамон  ҳамчун рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ҷашн мегиранд.  26  сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсоз  - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд, ки  дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон сафҳаи тозаеро боз намуд ва  он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид. 

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Қабули Конститутсия имкон фароҳам овард, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор ва  дар роҳи бунёди давлати навини тоҷикон қадамҳои устувор гузошта шавад.

Ифтихори ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон аз он аст, ки дар давоми 26 соли амали Конститутсия - ин санади асосии миллӣ арзишҳояш  ба куллӣ собит гаштанд.  Он дар воқеъ ифодагари манфиатҳои волои Ватану миллат, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминсозандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ   эътироф гардид. Боиси зикр аст, ки марому мақсади халқи Тоҷикистон, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат, ки дар Конститутсия эълон шуда буданд, дар як муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ  пазируфта шуданд, зеро онҳо бо арзишҳо ва ҳадафҳои ҷомеаи мутамаддини башарӣ мутобиқ мебошанд.Имрӯз ҳар яки мо ифтихор мекунем, ки давлатамон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар мебошад ва сӯи пешрафту тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш меравад. Солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд, ки дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид ва он ба рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик мусоидат менамояд.

Натиҷаи дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва мо мардуми кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзаминамон машғул ҳастем ва ифтихор аз он  дорем, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр ҳастем.

Эҳтироми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷаҳон яке аз беҳтарин конститутсияҳо ҳисобида шудааст, ин эҳтироми давлату миллат буда, тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои он мо шаҳрвандон қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро хоҳем кард.

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамдиёронро табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу оромӣ, бахту иқболи нек ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту тараққиётро орзу менамоям.

Халилзода Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg