БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ҶАВОНОН НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади  пешгирии бемории сироятии (СOVID-19) кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40  барои пеш бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимнан масъулин дар рафти суҳбат  оид ба  бемории сироятии коронавирус баромад намуда,  аз иштирокчиёни вохӯрӣ хоҳиш карданд, ки гигиенаи шахсиро ҳамарӯза риоя намоянд.Инчунин, дар ин радиф дар бораи  терроризму экстремизм ва усулҳои маккоронаи онҳо ки чи тавр ҷавононро ба доми худ меафтонанд, андешаронӣ карда шуда, аз ҷавонону наврасон даъват ба амал оварданд, ки  ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст ва шумо  насли ояндасози давлату миллат мебошед. Аз ин хотир дар оянда  бо баланд бардоштани савияи донишу малака дар муассисаҳои таълимӣ ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри  ҳарчи  зудтар несту  нобуд ва решакан кардани  ин падидаи номатлуб  саҳмгузорӣ намоед.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg