БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ХУДРО МУҲОФИЗАТ НАМО!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази саломатии ноҳия бо истиқоматкунандагони деҳаи Шаҳринави поёни  Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карданд.

Дар суҳбат атрофи  тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла пешгирии бемории сироятии коронавирус андешаронӣ карда, сокинонро таъкид намуданд, ки  ягона роҳи муҳофизат аз ин беморрии сироятӣ ин риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, тоза кардани фазои  манзили зист, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва  худдорӣ аз ҷойҳои серодам мебошад. Агар мо бо риояи қоидаҳои  беҳдоштӣ  масъулияти  баланд  зоҳир намоем, ягон намуди бемориҳои сироятӣ моро сироят карда наметавонад.

Сипас, ба сокинон  варақаҳои таблиғотиро  дастрас карда, бори дигар таъкид намуданд, ки худ ва наздиконашонро аз бемории ҳамагири коронавирус эҳтиёт намоянд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg