КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Солимии миллат-бақои давлат” дар кӯчаю маҳаллаҳо, бахусус дар назди бозори марказии шаҳри Кӯлоб бо иштироки ихтиёриёни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Аксияи “Худро аз вирус ҳифз намо!” баргузор карда шуд.
Дар рафти баргузории аксияи мазкур ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ бояд қоидаҳои беҳдоштии тавсияшудаи Вазорати тандурустиро дар хонаю ҷойҳои корӣ қатъиян риоя намуда, худ ва ҷамъиятро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат намоянд. Зимни баргузории аксия ба аҳолӣ наздики 180 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.