БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПАЁМИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР АСТ

ҚУБОДИЁН.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб ва бародоранаш дар деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов 1200 метр роҳи автомобилгарди деҳа ба тариқи ҳашар таъмир ва мумфарш карда  шуда буд.

Чунин иқдомҳои неку созанда  бо дастгирии  соҳибкорону шахсони саховатманди деҳаи Зиракӣ  идома дошта, барои асфалтпӯш намудани роҳи автомобилгарди мазкур  корҳои ободонӣ  оғоз ёфтанд.

Ин дигаргуниҳо дар корҳои ободоние, ки сокинони ноҳияи Қубодиён камари ҳиммат бастаанд, зоҳир мегардад. Мардуми заҳматқарини ноҳияи Қубодиёни бостонӣ аз Паёми Пешвои миллат илҳоми тоза гирифта, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки барои ободии як гӯшаи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg