БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар толори хурди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ бо аъзои  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти хониши сиёсӣ масъулини ҳизбӣ иброз намуданд, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон диққати аввалиндараҷа дода, чунин қайд карданд, ки “Мо ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург дорем ва барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозем, ки ҷавонони мо ҳамчун насли ояндасоз зимоми фардои давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ намоянд, онро обод созанд, яъне кори моро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд.”

Ҳамзамон аъзои намояндагии  ТҶҶ  “Созандагони Ватан” ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки мо ҷавонони кишвар худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои амалӣ шудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg