БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН НИСБАТИ САЛОМАТӢ ВА ОЯНДАИ ҶАВОНОН БЕТАРАФ НЕСТЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук чун ҳарвақта ҷиҳати пешгирии хуруҷи дуюми бемории сироятии коронавирус (COVID –19), бо усули “хона ба хона” гузарониданд.

Дар рафти вохӯрӣ бо сокинон масъулин таъкид карданд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор накарда, нисбат ба саломатии худ ва наздикон бетараф набуда,  гигиенаи шахсиро риоя намоянд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт аз ҷониби масъулини ҳизбӣ пурзӯр карда шуда, ҳамарӯза миёни сокинон идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg