БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАЗҲАТИЁНИ БАДБАХТРО НА ХУДОЮ НА ИН МИЛЛАТ ҲЕҶ ГОҲ НАМЕБАХШАНД!

ВОКУНИШ. Баъди огоҳӣ пайдо кардан аз расонаҳои хабарию иттилотӣ оид ба иғвою дассисаи навбатии як нохалафу нобакори назҳатӣ бо ном Муҳаммадиқболи Саддриддин ҳамчун як ҷавони даврони соҳибистиқлолии Ватан ба хулосае омадам, ки нисбати ин нобакор ва ватанфурӯш  чунин ибрози андеша намоям.

Боз ҳам бо найрангу фиреб ва дассисаю суханпардозӣ  ин фиребгарони наҳзатӣ мехоҳанд нобоварии ин миллати осудаҳолро нисбат ба кормандони ҳифзи хуқуқ,  аз ҷумла кормандони Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва латма задан ба сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пиёда гардонанд, аммо ба ҳадафи нопоки хеш намерасанд.

Лек, онҳо фаромӯш кардаанд, ки  халқи тоҷик ва дигар тоҷикистониён ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ҲНИ, ки онро дар ҷаҳон ҳамчун ҳизбӣ террористӣ- экстремистӣ эътироф намудаанд,  хело хуб шинос ҳастанд ва амалҳои охирини онҳоро, ки мақсадашон аз табаддулотиӣ  давлатӣ  иборат буд, хуб дар ёд доранд. Акнун  мардуми Тоҷикистон аз он фоҷиаҳои хунбор, ки ҲНИ ба сари халқ оварда буд, хулосаи худро баровардааст ва ҳеҷ  гоҳ фирефтаи дассисаҳои  ин ватанфурӯшон  намегарданд. Гузашта аз ин, халқи тоҷик таъкидҳои Пешвои миллат дар бораи ҳушёрӣ  ва зиракии сиёсиро аз даст надоданро  пайваста дар ёд доранд. Чигунае шоир Шайх Саъдӣ  фармудааст, ки :

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Дарвоқеъ, дарде, ки ба узвҳои ин миллат  палидону разилони чоҳкани давр зери ниқоби «Исломи муқаддас» бо террору хунрезӣ, таркишу оташафрӯзӣ, фиребу найранг овардаанд, воқеан  ягон узвҳоро қарор нагузошт. Ин миллат он рӯзҳои даҳшатбореро, ки гурӯҳҳои назҳатӣ  ба сарашон овард,  ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Гарчанде худ ҷавон ҳастаму он рӯзҳоро бо чашми худ надидаам, лекин аз қиссаҳои модари бузургворам, аз дарди модарону бародароне, ки фарзандон ва хешу ақрабояшонро аз даст додаю то ба имрӯз дар фироқашон сӯхта истодаанд, аз шабакаҳои телевизион, аз филми мустанади  “Хиёнат”  ва аз таърих хуб хондаму дидам ва ошно шудам. Ин бевиҷдонон бо амали  нангини худ чи қадар ашки модарони тоҷикро ба бор оварданд. Чи қадар  кӯдаконро ятим, одамонро бехонумон намуда, онҳоро сарсону саргардон, овораю бечора дар кӯчаю хиёбон, зор ба як бурдаи нон гардониданд. Ҳамингуна  имрӯз худро ғамхори давлату миллат мепиндоранд.

Хушбахтона, ба бахти баланди миллати тоҷик Худованд мардеро ато намуд, ки мардумро аз бадбахтӣ наҷот дода, шуълаи умедро дар дили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бедор намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои пайваста ва заҳматҳои беандозаашон тавонистанд  ин миллатро сарҷамъ ва тамоми гурезаҳои иҷбории хоки Афғонистонро ба Ватан баргардонида,  онҳоро бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ  таъмин созанд.

Шумо иғвоангезону бефурӯтанҳо мехоҳед бо ин дасисаи навбатӣ мардуми оддиро гумроҳ созед. Ғалат кардед! Ин мардум як бор фирефтаи шумо гардидаанд ва ҳеҷ гоҳ  дубора бозичаи дасти шумо намегарданд. Ҳеҷ гоҳ  Ватани азизи хешро ба дасти шумо - нобакорону ифлосон вогузор намекунанд. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсии хешро ба суханони пучу бемағз ва иғвоҳои бемаънии шумо баробар мекунанд ва ин миллати фарҳангсолори тоҷик намегузорад, ки назари баде ба сӯи Ватани аҷдодияш-  Тоҷикистон афтад. Таърих ва ин миллат ҳеҷ гоҳ кори кардаи палидонро беҷавоб нахоҳад монд. Бояд қайд намоям, ки дуою оҳу нолаи  ҳазорон модарони тоҷик, ки писарони ҷавони худро дар муноқишаҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз даст додаанд, шуморо, роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористии наҳзатиро ҳамеша думболагир аст ва хоҳад гирифт.  Шумо  назҳатиёнро аллакай Худованд ҷазо додаасту оҳи модарони тоҷик гирифтааст, ки беватанед ва барои санги маломат задан ба Ватани худ ба пеши хоҷагони хеш чун сагони ташнашиканед.

Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон, алалхусус Тоҷикистон ҷавононро як нерӯи созанда, ободкор ва пешбарандаи ҷомеа меҳисобанд. Аз ин рӯ, умеди миллату давлат, ки ба мо-ҷавонон аст, пайваста кӯшиш менамоем, ки мубориза бурдан бар зидди терроризму экстремизмро  шиори ҳаррӯзаи  ҳар як ҷавон гардонем.

Инро шароити мураккаб ва печидаи вазъи сиёсии ҷаҳон аз ҳар яки мо- ҷавонон бо таври қотеъона талаб менамояд.

Дасисаю даъвои  навбатии  роҳбари сомонаи иғвоангези интернетии  хусусан “Ислоҳ, нет”,  Муҳаммадиқболи Садриддинро мо-ҷавонон созандагони Ватан маҳкум менамоем ва дар ҳама ҳолат омодаем, ки ба ин ватанфурӯшону нобакорон ҷавоби даркорӣ диҳем.

Марҷона Муродова, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Балҷувон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg