
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ миёни сокинони деҳаю маҳаллаҳои Ҷамоатҳои деҳот ба роҳ монда истодаанд.
Чунин корҳои таблиғотӣ бо сокинони деҳаи Сангоба доир гардида, дар он масъулин роҳҳои пешгирии бемории каронавирусро фаҳмонида, таъкид намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷро ба онҳо варақаҳои тавсиявӣ ва таъкидии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуданд.