БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА НАЗДИКОНАТОНРО ҲИФЗ НАМОЕД!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои президентӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули  «хона ба хона» дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор гардиш доир намуданд.

Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз бо зиёда 500 нафар сардорони оилаҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбат намуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, маводҳои безараргардонӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карданд. Ҳамзамон масъулин дар суҳбат иброз доштанд, ки бо истифода аз поккунандаҳои қавӣ дасту рӯятонро покиза бишӯед. Ҳолати беҳдоштии дастон ин чораи басо муҳими пешгирикунандаи зуком ва сирояти коронавирус мебошад. Бо собун бишӯед ва микробҳоро берун созед. Агар шумо имкони бо собун шустани дастонатонро надоред, аз дастмолҳои спиртдор ва ё тамйизкунанда истифода баред.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg