ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии навбатӣ миёни аъзои ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия» перомуни амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумагул, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғаффорова Насимахон, масъулин ва аъзои ташкилоти ибтидоии болозикр доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Ҷ. Шомаҳмадова атрофи масъалаи болозикр муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар таъкид доштанд, ки барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, Ҷумаъгул Шомаҳмадова дар рафти вохӯри иброз дошт, ки Президенти мамлакатамон зимни баромади худ дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар таъкид намуданд, ки ба масъалаи анҷом додани амалҳои хайру савоб, парҳезу накӯкорӣ аёдати падару модарони худ, беморону ранҷурон, ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон, норасоии оби тозаи ошомиданӣ ва фавти кӯдакони навзод аз бемориҳои сироятии вобаста ба норасоии оби тоза, офатҳои табии, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, азҷумла ВНМО, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, динӣ, Ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҳифзи бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон-истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ, сарҷамъу муттаҳид сохтани миллати тоҷик бо мақсади ҳифзи ҳадафҳои стратегии давлат, дар замири ҷавонон тарбия намудани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, нангу номуси ватандорӣ, ифтихор аз миллату давлат, даъват ба донишомӯзӣ, касбомӯзӣ, арҷгузорӣ ба гузаштагону бузургони миллат, сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, ифротгароӣ ва эҳтиром ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани ҷашн 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон диқати махсус зоҳир намоянд.