ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо собиқадорони ҳизб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳр вохӯрӣ доир гардид.
Чуноне ки Нуринисо Ибодуллоева изҳор дошт, дар арафаи рӯзҳои таърихию ҷаншҳои давлатӣ кӯшиш менамоем, то вохӯрии собиқадорони меҳнат ва шахсони обрӯманди ҷомеаро бо ҷавонону наврасон ташкил намоем, зеро чунин суҳбату вохӯриҳо метавонанд насли наврасро ба интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят намоянд.
Дар вохӯрӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Левакант, собиқадори соҳаи маориф Ҳ. Султонов, собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ А. Мастов, собиқадори соҳаи маориф Х. Ашӯров иштирок намуда, доир ба заминаҳои таърихии рӯи кор омадани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими сулҳу субот ва волоияти қонун, ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу озод сухан гуфтанд.