БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият ғами қабули  кониститутсияро мехӯрд. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири сарнавишти худро аниқу дақиқ мушаххас дарк намуда, ба сохтани давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ  тамоми ҳастиашро равона сохта истодааст. Дар замони ҳозира халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият буда,  онро бевосита  ва ба восита  амалӣ мегардонад .

Солҳои баъди қабули Конисттутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан давраи пойдории ҳаёти кониститутсионӣ ҷустуҷӯ ва интихоби роҳи нави инкишоф баъди пошхӯрии ҷамъияти сотсиалистӣ буд. Беҳуда нест, кидар маърӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда буданд,ки раванди нави таърих  ба души давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок ва вазнинро гузошт. Дар ҳалли ин вазифаҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид.  Ин бесабаб нест,  зеро Кониститутсия ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва тақдирсоз буда, ки он марҳилаи нави таърих оғоз ёфта, дар он роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъда муайян мегардад. Ин хусусияти хос  ба ҳамаи кониститутсияҳои давлатҳои демократӣ мебошад.Чи тавре,ки олими рус В.Е. Чиркин қайд намудааст. «Барои он ки Кониститутсия амал кунад, дар вай бояд  шароити воқеии давлат, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ,  иродаи халқ барои таҳкими асосҳои демократӣ ва ба амалбарории ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва ба ин монанд дигар омилҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба инобат гирифта шавад». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин воқеаи таърихиро ҳамчун дастоварди миллӣ баҳо дода, қайд менамоянд, ки «Воқеан қабули Кониститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имкон дод,ки низоми  мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташаккул ёфта, асосҳои рушди устувор ба вуҷуд оварда шавад». «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».

Дар фарҷом ба рӯзи Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ку­лли мардуми кишвари азизамро самимона муборак бод гуфта, ба хонадони хар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгул шукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

Ҷумаев Алиҷон, мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                                             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg