БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН ДАР ОБОДИИ ЯК ГӮШАИ ДИЁРАМОН САҲМИ ХУДРО МЕГУЗОРЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи диёр аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук шанбегӣ баргузор намуданд.

Зимни баргузории корҳои  ободонӣ аъзои  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” кӯчаҳои шаҳрак, ҷӯйборҳо ва каналҳои обгузарро аз партовҳо тоза намуданд.

Ҳамзамон,  қайд кардан ба маврид аст, ки бо ин амал аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” исбот карданд, ки Ватани азизи худро сидқан дӯст медоранд ва баҳри ободу зебо гардидани он пайваста талош варзида, ҳамеша саҳми худро дар чунин корҳои ободонӣ мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg