
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бешттари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуданд.
Зимни суханронӣ бо оилаҳо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус иброз доштанд, ки гигиенаи шахсиро риоя кунанд, масъунияти организми худро қавӣ нигоҳ доранд, мунтазам дастонро бо собун шуста, дигар қоидаҳое, ки Вазорати тандурустӣ тавсия кардааст, риоя намоянд.
Ҳамзамон, масъулини ҳизбӣ аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки манзили зист, муҳити атроф ва деҳаи худро тозаю озода нигоҳ доранд ва саҳми худро дар ободии як гӯшаи диёр гузоранд.