![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20201029_104128.jpg?itok=C8BR_zp6)
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохтти бештари манфиатҳои миллӣ.Бо мақсади ҳарчи беҳтар огоҳ намудани ҷавонон аз арзишҳои бузурги ватандорӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, тарбия намудани онҳо ва ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҳамбастагӣ бо аъзои маҳфили ихтиёриён (волонтиёрон) дар ноҳия вохӯрию мулоқотҳо бо ҷавонону наврасони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии № 10 ва Гимназияи давлатӣ баргузор намуданд.
Масъулин оид ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, сулҳу амният, Истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории интихобот ва мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандон интихобшуда, дар назди вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савгандёдкуниро баррарсӣ карда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ба боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазоворр шуда, содиқона ба халқу Ватан хизмат намоянд.