БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд,  ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Имрӯз мо дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва дар ин раванд манфиатҳои давлатҳои хурд аз байн меравад ва давлатҳои абарқудрат кӯшиш менамоянд манфиатҳои хешро дар давлатҳои рӯ ба рушд пиёда созанд.

Зимнан, чунин суол ба миён меояд. Чи гуна? Бо кадом васила?

Дар замони  рушду инкишоф ва пешрафти давлат аз чунин омилҳои захираҳои инсонӣ, сатҳи саводнокии онҳо, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, пешрафти илмию техникӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун қишри бонуфуз, захираи патенсионалии  давлат ва ҳифзкунандаи манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омили асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Дар замони муосир, ки илму техника ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ  асоси пешрафти ҷомеаанд, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд, зеро танҳо ҷавони донишманд метавонад манфиатҳои миллию давлатиро ҳифз намояд ва рушди давлат ва ҷомеаро таъмин созад.

Талошҳои ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумуи кишвари азизамон бовар ба он месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар менамоянд.

Ҷавонон имрӯз дар роҳи ҳифзи давлатдории миллӣ, муқаддасоти давлатӣ, истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ, таҳким бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон саҳм гузошта истодаанд.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Аз нигоҳи  гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонон аслан қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа буда, онҳо аз нигоҳи равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, ки бо ин васила ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин ботлоқи бетаг мубтало гарданд.

Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистӣ бо назардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, аксаран, ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд.

Ин воқеияти талх мо ҷавононро водор менамояд, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро миёни ҳамсолони хеш зиёд намоем. Дар ин марҳилаи ҳассос моро мебояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба дассисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона дода нашавем ва Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоем.

Дар ин замина тамоми сохторҳои давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятиро  мебояд то  таваҷҷуҳи асосии хешро ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон равона сохта, барои баланд бардоштани ҳисси  ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавонон саҳмгузор бошанд. Ин вазифаи муқаддас бояд кори ҳаррӯзаи оила, макотиб, ниҳодҳои дахлдор ва тамоми аҳли ҷомеа бошад.

Маҳз бо ин мақсад, соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон гардид. Ин ташаббуси Роҳбари давлат барои пешгирии шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат менамояд ва ҳавасмандии онҳоро барои пайгирӣ кардани корҳои неку писандида афзун мегардонад. Дар вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ин чунин дастгириҳо ва таваҷҷуҳ ба ҷавонон саривақтӣ ва бамаврид буда, имкон медиҳад, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад, кору фаъолият ва неруи тавонои онҳо баҳри сулҳу субот, созандагӣ ва рушди ҷомеа равона карда шавад.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ барои омода гардидани ҷавонон баҳри ҳимояву пуштибонӣ аз Ватани маҳбуб, рушду пешрафти кишвар ва бедорию зиракии онҳо имкон фароҳам хоҳад овард ва ҷавонон умеду боварии Пешвои миллатро амалӣ хоҳанд намуд, ки фармудааст: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола наздики 70 фисади аҳолии ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст. Яке аз мушкилоти асосии имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ва ҳамин гуна, ҷамъияти асосии мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Ин ҷо саволе ба миён меояд: Чаро сарзамини тоҷикон, ки қадимтар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумони хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ рӯбарӯ шуд? Эрнест Хемингуэй гуфта буд, ки: «Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад». Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намояд. Ҳол он, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб гардидааст. Дар ин ҷо мо як қатор сабабҳоеро мебинем, ки барои паҳншавии ифротгароӣ заминаи динӣ дошта ва терроризм дар Тоҷикистон мусоидат карда, ба манфиатҳои миллӣ хатар эҷод месозанд:

Якум. Баъди шикасти идеологияи коммунистӣ холигии идеологие пайдо гардид. Ин холигӣ, махсусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар манотиқе, ки аксари аҳолиаш вобастаи анъанаҳои мусулмонӣ буд, баръало эҳсос мешуд. Ин холигиро амалан идеологияи исломӣ пур мекард. Ҷомеаи мусулмонӣ ангезаҳои таҳрикбахшеро барои инкишоф ва худсобиткунӣ ба ҳайси қувваҳои ҷамъиятии қобили аҳамият пайдо намуданд.

Дуюм. Худшиносии миллии халқҳое, ки акнун давлатдории худашонро барқарор намуда буданд, хеле боло рафт. Дар шароити бисёрмиллатии аҳолии чунин кишварҳо ба мисли Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон омили исломӣ ба нишонаи асосии ҳуввияти шаҳрвандӣ мубаддал гардида буд. Барои ҳамин, доираҳои ҳукмрони ин кишварҳо ҳаматарафа раванди эҳёи анъанаҳои исломиро дастгирӣ мекарданд. Дар баъзе кишварҳо таъсири рӯҳониёни мусулмон ба дараҷае баланд гардид, ки онҳо на танҳо даъвои ҳокимияти динӣ, балки ҳокимияти сиёсиро низ доштанд.

Сеюм. Ғайр аз мақсадҳои васеъ кардани доираи нуфузи фарҳангӣ доираҳои муайяни кишварҳои мусулмонии хориҷаи дур мақсадҳои мушаххаси иқтисодӣ низ доштанд. Манфиатдор будани доираҳои алоҳидаи соҳибкорони ҷаҳони исломӣ барои дастёбӣ ба захираҳои бойи табиии минтақаҳои Осиёи Марказӣ бо пардаи идеологии ташкили «ҷаҳони ягонаи исломӣ» рӯйпӯш шуда буд.

Чорум. Дар аксари ҷомеаи мусулмонии Осиёи Марказӣ меъёрҳои соддатарини давлати ҳуқуқбунёд аз истифода баромаданд. Беқонунӣ дар бисёр мавридҳо ҳамчун қоида ва хусусияти муносибати ҷамъиятӣ ба назар мерасид. Дар ин шароит аҳолии мусулмонии баъзе давлатҳои Осиёи Марказӣ дар зери меъёрҳои исломӣ паноҳ мебурданд.

Панҷум. Сиёсишавии ислом ва истифодаи фаъолонаи он аз тарафи доираҳои сиёсии як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ба даст овардани манфиатҳои гурӯҳиашон омили муҳим гардид. Дар баъзе ҳолатҳо дини мубини исломро гурӯҳҳои ғаразхоҳ ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки баъзан характери ҷиноӣ ба худ гирифта буданд, пайваст намуданд.

Шашум. Аз ҷониби баъзе роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дуруст баҳо наёфтани паҳншавии ифротгароии динӣ, саривақт наҷустани чораҳо ба муқобили ин раванд ба пуршиддат гаштани вазъият мусоидат намуд. Дар маҷмӯъ қатъ гардидани тамоюли робитаҳои анъанавӣ дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ ба он оварда расонд, ки дар муқобили паҳн гардидани ифротгароии исломӣ роҳбарони ин кишварҳо оҷиз монданд.

Ҳамин тавр, раванди сиёсишавии ислом, ки барои тадриҷан паҳн гардидани ифротгароии динӣ ва терроризм мусоидат менамуд, ба таври шартӣ дар се марҳилаи асосии замонӣ амалӣ гардид:

Марҳилаи аввал, асосан давраи аз охири солҳои 80 то аввали солҳои 90 қарни ХХ-ро дар бар гирифта, бо эҳёи ҳаматарафаи дини ислом дар ҳудуди кишварҳо тавсиф мегардад.

Марҳилаи дуюм, ки давраи аввали солҳои 90-ро дар бар мегирад, бо пурқувват гардидани омили динӣ ҳамчун натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона фарқ мекунад. Калонтарин чунин низоъ дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардид, ки зоҳиран муборизаи қувваҳои дунявӣ бо гурӯҳҳои динӣ буд. Дар асл ин ҷанг таҳмилӣ буд, ки шарҳи сабабҳо ва омилҳои он ба таври мухтасар номумкин аст.

Марҳилаи сеюм, асосан давраи охири солҳои 90 асри гузашта ва солҳои аввали асри ХХ1-ро дар бар гирифта, бо пурқувват гаштани гурӯҳҳои диниву мазҳабӣ қазоват мекунад. Гурӯҳҳои гуногуни исломӣ ба бозиҳои сиёсӣ дохил карда шуданд. Ин раванд инъикоси худро дар он пайдо намуд, ки дар харитаи геополитикии Осиёи Марказӣ ба таври хеле равшан манфиатҳои як қатор марказҳои ҷаҳонии нуфуз ба чашм мерасид.

Дар поён дар чанд нукта роҳҳои пешгириро унвон кардан ба маврид аст:

– дар бораи мубориза бо ифротгароӣ ва хатари он боз ҳам бисёртар баргузор намудани конфронсу маҷлисҳо бо ҷалби қишрҳои васеи аҳолӣ. Дар ин замина, Ҳукумати Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд рӯи даст гирифтааст. Яке аз ин чорабиниҳо ҷашнгирии 1310-солагии Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва соли 2009-ро эълон намудани Соли бузургдошти ин фақеҳи бузург ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ буд, ки ба таври хоса ва густурда таҷлил гардид;

– сарчашмаҳои молиявии созмонҳои ифротгаро ва террористӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар муайян ва нест карда шаванд;

– террористон аз сарчашмаҳои ҷалби маблағ, аслиҳа, воситаҳои моддӣ ва ғайра маҳрум карда шаванд;

– марказҳои таъминоти идеологӣ ва дастгирии террористон, марказҳои тарбияи онҳо мушаххас ва аз байн бурда шаванд;

– маҳдуд намудани имконияти истифодаи террористон ва ифротгароён аз ВАО. Маълум аст, ки расонаҳои хабарӣ яке аз воситаҳои дастраси таъсиргузорӣ мебошад, ки террористонро ҳамроҳӣ мекунанд. Онҳо бисёр манфиатдоранд, ки аз ВАО истифода намуда, аз як тараф имиҷи худро ҳамчун «муборизон барои озодӣ» ташаккул диҳанд ва ғояҳояшонро паҳн намоянд, аз тарафи дигар, аҳамият ва ҳайсияти худро нишон дода, аҳолиро ба тарсу даҳшат биёранд.

-корҳои таблиғотӣ, тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳои инфиродӣ, чопи китобҳо, дастурҳои омӯзишӣ, мақолаҳои таҳлилӣ, тарбияи динию маънавӣ, барномаҳои телевизиониву радиоӣ, мулоқоту вохӯриҳо бо шаклу усули нав ва ғайраҳо.

Хулоса, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем

Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу Ваҳдати миллии тоҷикон пояндаву ҷовидон бошад!

Зулфов Муҳаммадҷон, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg