БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМЕАИ СОЛИМ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ АСТ!

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохтти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказӣ”  оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим  мулоқот баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъулини ҳизбӣ оид ба пешгирии хуруҷи  бемории сироятии каронавирус  ёдовар шуда, иброз доштанд, ки  табибон дар пешгирии ин бемории ҳамагир   нақши калон дошта, онҳо дар ин давраи ҳассоси зиндагӣ бо марг рӯ ба рӯ шуданд ва барои ҳарчи зудтар гирифтани пеши роҳи ин вабои аср  бо маҳорати касбӣ ва  малакаи дониши худ  талош варзиданд. Воқеан ҳам  хизматҳои  табибони ҳозиқ шоистаи таҳсин  мебошад ва ҳар як корманди соҳаи тандурустиро лозим аст, бештар ба шаҳрвандон  барои   пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ  маслиҳату тавсияҳои судманд пешниҳод намоянд, то ки ҷомеаи мо  солим бимонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg