БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИБОН БО СИПОСНОМАИ ҲИЗБӢ ҚАДРДОНӢ КАРДА ШУДАНД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохтти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси  Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон  Мирзозода Исуф ва сартабиби Беморхонаи марказии ноҳия Гулмаҳмадзода Замир бо кормандони Беморхонаи марказии ноҳия мулоқот оростанд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки  аҳли ҷомеа ҳамарӯза шоҳиди дастгирии пайвастаи давлату ҳукумат, шахсан Сарвари давлат ва роҳбарони мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбати кормандони соҳаи тандурустӣ қарор доранд. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки “хона ба хона ”, кӯча ба кӯча ва ҷойҳои серодам, тавассути баргузори Аксияҳои гуногун аҳли ҷомеаро ба риояи гигиенаи шахсӣ, муносибату муоширати фосилавӣ, тез -тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ, худдорӣ кардан аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук бе зарурат набаромадан аз ҷойи зистро ба шаҳрвандон расонем,  то ин ки дар вазъи паҳншавии бемории сироятии коронавирус худ ва наздиконамонро эҳтиёт намоем.

Ҳамчунин, дар фарҷоми чорабинӣ ба якчанд нафар табибон, ки баҳри ҳифзи солимии  ҷомеа  саҳми арзандаи худро гузоштанд,  Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg