БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Бахтнома номаи бахт аст аз даври Каён,

Бахтнома номаи бахт аст баҳри тоҷикон.

Тоҷики арзандаи ман, бош қисматсози хеш,

Бахтнома бар ту бошад болу пар, зӯру тавон.

АНДЕША. Воқеан, сарзамини биҳиштосо, диёри зебоманзару нотакрор, Тоҷикистони соҳибихтиёри мо дар арафаи ҷашни саиду фархунда, ҷашни мубораку хуҷаста – 26-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст.

Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».

Дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ гардид ва дар муддати кӯтоҳтарин бо ташаббуси Сарвари хирадманд ва оқили мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи олимон ва ҳуқуқдонҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Вазифаи гурӯҳ таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

13-уми апрели соли 1993 лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардид ва бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд ва аз ҷониби шаҳрвандон санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар он мардуми сарбаланди тоҷик бо мақсади муқаррар қардани ҳолати ҳуқуқии шахс дар дохил ва хориҷи кишвар, яъне ояндаи давлату миллати худ фаъолона иштирок карда, раъйи худро доданд.

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи давлату миллати моро муқаррар мекунад. Тибқи моддаи 6-уми он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Намунаи олии он ин аст, ки имрӯз халқ бевосита Сарвари давлатро интихоб менамояд ва дар мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ вакилони худро интихоб намуда, дар идоракунии давлат бевосита ё бавосита иштирок менамояд.

Мавриди зикр аст, ки бо назардошти равандҳои рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон се маротиба — солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.

Бино ба гуфти сиёсатшиносони дохил ва хориҷи кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст. Бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодати ин гуфтаҳост.

Конститутсия санади муҳими сиёсиест, ки роҳи расидан ба зиндагии орому шоистаро муайян мекунад. Ин санад бори дигар аз соҳибистиқлолии комили давлат ва миллати тоҷик ба ҷаҳониён мужда мерасонад. Конститутсия танзимгари муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.

Бо шарофати Конститутсия шаҳрвандон тавонистанд якчанд маротиба дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар иштирок намоянд ва онҳоро интихоб намоянд. Маҳз дар Конститутсия унсурҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон, махсусан демократия, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ ва иҷтимоӣ муайян гардида, он ба рамзи ягонагии миллати тоҷик, баҳамоии қишрҳои гуногуни ҷомеа, марҳилаи нави бунёди давлати миллии тоҷикон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу субот, оромию осудагӣ ва саҳифаи нави таърих табдил ёфтааст.

Дар ҳақиқат, Конститутсия дар рушди давлатдории милии тоҷикон нақши муассир дорад, бинобар ин, эҳтироми Конститутсия ва арҷ гузоштан ба он бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Зеро, Конститутсия-таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст. Ҳар фарди љомеаи имрӯза вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем.

Умедаи Акрамзода, масъули пахши сомонаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg