БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ САНАДЕСТ, КИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАРО КАФОЛАТ МЕДИҲАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти  бештари  манфиатҳои миллӣ. Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҷайҳун  бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғаффорова Насимахон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан дар баромади худ мавсуф атрофи Конститутсияи кишвар  суханронӣ намуда, қайд кард, ки Конститутсияи давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки Конститутсияи кишвар ҳуҷҷати барномавӣ мебошад ва дурнамои пешрафти давлатро муайян мекунад. Ҳамагуна Конистутсия барои даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо қабул мешавад. Конистутсия бо як марҳалаи нави таърихии инкишофи ҷомеа ва давлат алоқаманд буда, ба таъсиси давлати шаклан нав асос мегузорад.

Аз санаи қабули Конистутсияи таърихи нави инкишофи ҷомеа оғоз ва дар он ҳадаф ва самтҳо пешрафти ҷомеа ва давлат барои даҳсолаҳо пешбинӣ мешаванд. Бо қабули Конистутсия Ҷумҳурии Тоқикистон дар ҷомеа дигаргунии соҳаҳои ҳаёти ҷамиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳанги, ҳуқуқӣ оғоз гардиданд ва самтҳои пешрафти давлат ва ҷомеа муайян шудаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg