Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар деҳаи Мирзообод Ҷамоати деҳоти Наврӯз хониши сиёсӣ оид ба пешгирии паҳншавии марҳилаи дуюми бемории коронвирус бо усули «хона ба хона» корҳои оммафаҳмониро ба роҳ монда, омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба сокинон фаҳмониданд.
Инчунин, ёдовар шуданд, ки роҳи раҳоӣ аз бемории коронвирус риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ, худдорӣ аз иштирок дар ҷойҳои серодам ва аз ҳар гуна ҷамъшавиҳои безарурат мебошад.