БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЛАБОТҲОИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ БОЯД РИОЯ КАРДА ШАВАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти  бештари  манфиатҳои миллӣ. Кормандони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо сокинони кӯчаи  Паранаки Ҷамоати шаҳраки Ховалинг ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус   бо усули  “хона ба хона” суҳбат намуданд.

Дар суҳбат  талаботҳои беҳдоштӣ ва  роҳҳои асосии пешгирии  ин беморӣ, беҳуда дар ҷойҳои серодам сайру гашт накардан, ҳангоми суҳбат фосиларо нигоҳ доштан, дар кӯча, ҷойи кор истифодаи ниқоб ва дигарҳо  фаҳмонида шуда,  таъкид гардид, ки  ҳама  новобаста аз он ки    солим аст, бояд ин талаботҳои беҳдоштии  шахсиро қатъӣ риоя намоянд. Зеро хунукназарӣ  боиси сироятёбии дигарон   шуданаш мумкин аст.

Дар суҳбатҳои доирнамуда 50 нафар сарварони оилаҳо  иштирок намуда, дар бораи ҳифзи саломатии худ ва аҳли оилаи худ маълумот  пайдо намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg