БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДОРОИ ХАДАФҲОИ МАҚСАДНОК БАРОИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТҲОИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ МЕБОШАНД

АНДЕША. Тавре маълум аст, эълони ду даҳсолаи байналмилалии амал (2005-2015 ва 2018-2028), соли байналмилалии оби тоза (2003) ва соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, аз ҷониби Созмони милали Муттаҳид пазируфта шудаанд, ин аслан ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об, паёмадҳои манфии нарасидани оби нӯшокӣ ва пешниҳод намудани роҳҳои ҳалли ин мушкилот аст.

Оре, ин  пешниҳодоту таъкидҳои Президенди муаззами мо - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда набуда, балки ба нафъи башар нигаронида шудаанд. Тамоми ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дорои хадафҳои мақсаднок барои ҳалли мушкилотҳои глобалӣ дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта, аҳли башарро барои мубориза ба муқобили тағйирёбии иқлим ва таъсири ногувори он ба захираҳои обӣ даъват менамоянд. Ҳадаф  аз  эълони даҳсолаҳо оид ба масоили об ин андешидани тадбирҳо, кӯшишҳои ҷадид баҳри ҳалли масоили марбута ва мушкилоти ҷойдошта дар самти об ба ҳисоб меравад. Зеро об омили муҳимми ҳаёт дар сайёраи замин ба шумор меравад. Наздики 70 фоизи заминро об ташкил медиҳад. Аз ин 97,5 фоизаш оби намакдор ва танҳо 2,5 фоизаш оби тозаи ошомиданӣ мебошад. Тибқи баҳогузории пажуҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон то ҳол зиёда аз 800 миллион одамон дар рӯи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, беш аз 1,8 млрд одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои он олудаи ифлосӣ ҳастанд, ки аз ин лиҳоз бештар аз 250 миллион инсонҳо ҳамасола аз бемориҳои мухталифи сироятӣ аз ҳисоби истеъмоли оби ифлос азият мекашанд. Ҳамарӯза зиёда аз 6 ҳазор кӯдакон аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ ба бемориҳои гуногуни сироятии маргбор гирифтор мешаванд. Инчунин, зиёда аз 2,4 миллиард мардум аз оддитарин шароитҳои беҳдоштӣ (санитарӣ) маҳруманд. Сол то сол дар кураи Замин ҳаҷми обҳои ошомиданӣ коҳиш меёбад ва захираҳои об нисбатан кам гардида истодааст.

Дар ҳамин замина, зиёда  аз  чор маротиба бо ибтикори  Пешвои миллат чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба масоили  беҳдошт ва захираҳои оби ошомиданӣ мавриди баррасӣ ва таваҷҷуҳи  кишварҳои ҷаҳон фаро гирифтаанд.

Мо аз икдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти об истиқбол мекунем. Воқеан, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки  воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву  пурбаракатӣ ҳама бо об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин, одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда,  ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби  зиёд чархи санги осёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунад. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр  кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани қоғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои  гуногун  истифода мебаранд. Инсон бе об зиндагӣ карда  наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша ба онҳо сару кор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.                                                                                                                                                              

Мо, миллати шарафманди тоҷик аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Чунки Тоҷикистони азизамон аз захираи об бой буда, 13 ҳазор пиряхҳои хурду бузург, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби оддию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешаванд, ки онҳо на ин ки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсояро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри  Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи Миёна ҳисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунанд. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: обу хок, оташу бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин мӯъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партоянд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро бузургон гуфтаанд:

Зи ҷӯйе, ки хурдӣ аз он оби пок,

Набояд фикандан дар он сангу хок.

Дар охир тазаккур додан зарур аст, ки мақсади аслӣ аз ин иқдомҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама тамоми ҷомеаро водоркунанда аст, ки тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин мӯъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об натанҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.

Саймуминзода Фирӯз, муовини раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg