ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 - и Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Абдулманонов Сорбон вохӯрӣ доир гардид.
Зимни баргузории хониши сиёсӣ қайд карда шуд, ки ҳадафҳои стретегии ҲХДТ ҳадафҳои созандаву бунёдкор буда, дар ин росто дар руҳияи баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Инчунин, дар мавзӯи Оиннома ва Барномаи намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва пешгирӣ аз вируси сироятии корона суханронӣ карда шуд.