БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАСЪАЛАИ ОБ

АНДЕША. Тоҷикистони  азиз дар  зарфи  29  соли истиқлолият  дар  тамоми  соҳаҳои мухталиф  ба  пешравиҳои  назаррас  ноил  гардида,  феълан  мақоми  шоистаро  дар  радифи  кишварҳои  мутараққии  олам  касб  намудааст.

Лозим  ба  тазаккур  аст, ки  ҳамаи пешравию муваффақиятҳои  назаррас  маҳз  бо  ибтикор  ва  пеш  аз  ҳама  тавассути  заҳмату  талошҳои  Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  даст  омадаанд  ва  ба  вуқуъ пайвастанд. Таҳти  сарварии  хирадмандонаи  ин  абармарди  бузург  кишвари  соҳибистиқлоли моро  дар арсаи  олам  ба  хубӣ  мешиносанд  ва  эътироф менамоянд. Бе  муболиға мо  бо ифтихор  метавонем иброз намоем, ки  Тоҷикистони азизи  мо  зери  роҳбарии  оқилонаю  сиёсати  дурандешонаи Президенти  кишварамон  ҳамчун  давлати мустақил  таҷдид  шуд.

Воқеан, дар зарфи чаҳоряк  аср Президенти Ҷумҳуриямон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  рисолати таърихии  худро  дар  назди  халқу  меҳан, миллат  ва  таърих чун  Президенти  кишвар ва таҳиягари  сиёсати  сулҳҷӯёнаи  кишварамон  идома  медиҳад  ва  бо ташаббусу  ибтикороташон  дар  соҳаҳои  гуногун  аз  ҷумла  истифодаи  самараноки  захираҳои  оби  нӯшокӣ  дар ҷаҳон  маъруф  гардидааст.

Об дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал муъҷизаи бузургтарин  ва  сарвати  бебаҳотарини кураи арз буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз аз вуҷуд доштани об вобастагӣ дорад.

Ду масъалаи  ҳалталаб ва  мубрами  имрӯзаи  кураи арз, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, тағйирёбии глобалии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мебошад. Ҳар ду ин масъала ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат карор дошта, оид ба ҳалли ин масоил аз минбарҳои бонуфузи дунё иқдомҳои наҷибро ироа доштанд, ки ин ташаббусҳои оқилона аз ҷониби тамоми мамолики дигари ҷаҳон  дастгирӣ ёфтанд.

Чунончӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ (1-уми октябри 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 - Соли оби тоза эълон карда шуд. Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои муаззами  миллат санаи 23-юми декабри соли 2003 Маҷмааи  Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро  қабул  карда,  солҳои 2005-2015-ро  Даҳсолаи  байналмиладии амал «Об барои ҳаёт» эълон  кард. Азбаски дар тамоми кураи арз беш аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуд асту аз онҳо зиёда аз 170 кишвари мухталифи дунё истифода менамоянд, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муҳимияти масъалаи мазкур, 21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва сохтори идораи «СММ - об» оид ба масоили самаранок истифодабарии об суханронии пурмуҳтаво намуданд. Маҳз хамин ташаббус ва пешниҳодоти Пешвои муаззами миллати тоҷик, Пре­зиденти Ҷумхурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, Маҷмааи Умумии СММ 20-уми декабри 2010 соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари олам пуштибонӣ ёфт. Аз рӯи иқдоми чаҳоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи Умумии СММ бо ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид.

Яке аз ҳадафҳои меҳварӣ он аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» барои таъмини амнияти экологии сайёра нақши бағоят амиқ  дорад.

Масъалаи таъсиси Бунёди байнал­милалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат буда, 31-уми август - 4-уми сентябри соли 2009 дар Форуми сеюми чаҳонӣ оид ба иқлим дар ш. Женева ва 7-8-уми декабри соли 2009 дар конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар ш. Копенгаген  пешниҳод  гардидааст.

Барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихор ва хушнудӣ аст, ки Қатъномаи  Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» маҳз бо ташаббуси бево­ситаи давлати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Пешниҳоди мазкур бори нахуст аз ҷониби Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея садо додааст. Дар робита ба афзоиши пайвастаи аҳолӣ дар дунё, тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, норасоии об, бемориҳои сироятӣ, муноқишаҳои сиёсӣ ва дигар ҳаводиси марбут Президенти кишвар ҷиҳати тақвият додани дастовардҳои то ба имрӯз ноилшуда ва муҳайё сохтани платформаи иловагӣ ҷиҳати мусоидат ба иҷрои ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об, эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал зери шиори «Об барои рушди устувор»-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ширкаткунандагони ин Форум пазируфта шуда, барои тасвиб ба Маҷмааи Уму­мии СММ манзур гардид. Тавре маълум аст, катъномаи мазкур чанде пеш қабул гардид, ки ин аз сиёсати муваффақи Президенти мамлакат ва Ҳукумати киш­вар дар арсаи байналмилалӣ  шаҳодат  медихад.

Бар  замми  ин  бо  ибтикори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони  Миллали  Муттаҳид  дар  шаҳри  Душанбе  баргузор  гардидани  чорабиниҳои  сатҳи  баланд  доир  ба  масоили  оби  нӯшокӣ аз  қабили  шарҳи миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи  ҷараёни  баргузории  Даҳсолаи  байналмилалии  амал «Об  барои  ҳаёт»  дар  моҳи  июни  соли  2010, Конференсияи  байналмилалӣ  оид  ба  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  об  моҳи  августи  соли  2013,  Конференсияи  байналхалқӣ оид  ба  натиҷаҳои  тадбиқи  Даҳсолаи  байналмилалии  амал «Об  барои  ҳаёт»  моҳи  июни  соли  2015 ва  Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд  оид  ба Даҳсолаи байналмилалии  амал  «Об барои  рушди  устувор, солҳои 2018-2028» 20-22 июни соли 2018 гувоҳи  гуфтаҳои  болоянд,  ки  роҷеъ  ба  иҷроиши  Даҳсолаҳои  эълонгардида  мисол  шуда  метавонанд.

Сардори  давлати  мо  зимни  баргузории  конференсияи  мазкур  зикр карда  буданд, ки:  “Нархи  об  дар  ҷаҳон  аз  нархи  нафту  газ  боло  меравад”.

Ба хотири раҳоии инсоният ва табиат аз ин буҳрони азим Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди судманд манзур сохтанд, ки дар тамоми дунё ҷонибдорӣ ва ҳамовозии гарму ҷӯшони худро пайдо кард.

Президенти кишвар дар ҳама ҳамоишу  Конференсияҳои сатҳи ҷаҳонӣ баҳри беҳбуд бахшидани вазъи ҷойдошта, ки миллионҳо нафар аз беоби ранҷ мекашанд, пайваста сайъ мекунанд. Суханрониҳои пурмуҳтаво ва пешниҳодоти мақбул ва арзишманду судбахши ин чеҳраи сиёсиро ҷаҳониён мунтазам эътироф  менамоянд  ва ба он арҷ мегузоранд.

 

Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар,

Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

 

Хулоса, об ҳаст ободӣ ҳаст, мегӯянд. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ ва пояндагии ӯ қарор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд.  Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Мутаассифона, бархе аз инсонҳои беандеша ва номурод дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд,  дар дарёҳо партовҳо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба кассодиҳо оварда мерасонад. Дар ҳамаи китобҳои динӣ сарфаю сариштакорӣ ҳамеша тақозо карда мешавад ва тозаю озода нигоҳ доштани он, макрӯҳ накардани ҳар қатраи он  вазифаи  муқаддаси ҳар як  шахси  мусалмон  дониста  мешавад.

Насим Саидов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар  шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg