КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТТҲС”-и шаҳри Кӯлоб дар бозори ба номи “Исмоили Сомонӣ”-и шаҳри Кӯлоб Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Саломатии миллат сарвати бебаҳост” ташкил карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин Аксия пешгирии паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 буда, ба аҳолӣ наздики 300 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.
Зимни баргузории чорабинии ҳизбӣ қайд карда шуд, ки ҳар як шахсро зарур аст, ки барои пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю маҳали худ риоя намоянд.