БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДАИ ҶОМЕА МЕБОШАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба созандагиву бунёдкорӣ, ватандориву меҳанпарастӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Восеъ аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯриву мулоқотҳоро ба роҳ монданд.

Ин навбат аъзои намоянлагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан”  бо хонандагони синфҳои болоии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин бо хонандагон оид ба хатарҳои ифротгароӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва гурӯҳҳои сиёсиву динӣ ба хотири амалӣ намудани манофеи сиёсиву геополитикии хеш аз ин гурӯҳ самаранок истифода менамоянд. Инқилобу бетартибиҳое, ки вақтҳои охир дар давлатҳои гуногун ба вуқӯъ омада истодааст, на аз ҷониби бузургсолон, балки қисми асосии онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ё қисми азими ҳайати бо ном «давлати исломи»-ро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки сабаби асосии воридшавии онҳо ба чунин созмонҳои ифротии динӣ паст будани саводи динӣ ва ҷаҳонбинии тангу торик мебошад.

Бинобар ин, ҳар як ҷавонро зарур аст, ки донишҳои муосири замони худро аз худ намуда, оянда ҳамчун парчамбардори миллат омода бошанду зиндагии хешро мутобиқ ба диду назар, хоставу ормони хеш бунёд намуда, обрӯву эътибори Ватани худ - Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ  боло бардоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg