ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ вохӯрӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза ба сухан баромада, оид ба иҷроиши нақшаи обуна ба нашрияҳои даврии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2021, зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ дар ноҳия, пурзӯр намудани чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вобаста ба пешгирии хуруҷи дуюми каронавирус ибрози ақида намуд.
Ҳамчунин, дар идомаи суҳбат оид ба сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳар як ҷавонмарди бо нангу номуси кишварро мебояд баҳри адои қарзи шаҳрвандии худ хизмат намуда, саҳми худро баҳри осудагӣ, тинҷиву оромии кишвар гузорад.